Одоби нашр

Одоби нашриявӣ

Риоя накардани принсипҳои ахлоқии нашрияҳои илмӣ боиси паст шудани эътибори илм ва сифати нашрияҳои илмӣ мегардад. Аз ин рӯ, принсипҳои ахлоқии нашри маводи илмӣ кафолати рушди илм ва шарти беҳтар гардидани сифати фаъолияти илмии муаллифон мебошанд.

Ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ» дар фаъолияти нашриявии худ меъёрҳои умумэътирофшудаи ахлоқии нашри маводи илмиро қатъиян риоя мекунад ва аз муаллифон низ риояи ин принсипҳоро талаб менамояд. Бо ин мақсад ҳайати таҳририя дар кори худ ба Эъломияи Ассотсиатсияи муҳаррирон ва ноширони илмӣ «Принсипҳои ахлоқии нашрияҳои илмӣ» ва тавсияҳои Кумитаи одоби нашр (Committee on Publication Ethics, COPE) такя мекунад.

Меъёрҳои ахлоқӣ барои муаллифон

– Ҳамаи ҳаммуаллифон бояд аз пешниҳоди дастнавис ба маҷалла огоҳ бошанд. Аз ин рӯ, ҳар як муаллиф бояд дастнависро имзо карда, ба нашри маводи худ розигӣ диҳад.

– Тартиби зикри муаллифонро дастаи муаллифон то фиристодани дастнавис ба ҳайати таҳририя муайян мекунад.

– Дар дастнавис натиҷаҳои таҳқиқоти аслии илмӣ пешниҳод карда мешаванд. Порчаҳо ё андешаҳои иқтибосшуда тибқи қоидаҳои иқтибосоварӣ бо зикри муаллиф ва манбаи аслӣ оварда мешаванд.

– Худиқтибосоварии аз ҳад зиёд ё иқтибосоварии аз ҳад зиёд аз роҳбари илмӣ, сарвар ё ҳамкорон ғайриахлоқӣ мебошад.

– Дастнавис бояд маводи қаблан нашрнашуда бошад ва ба ҳайати таҳририя бори аввал пешниҳод гардад.

– Муаллифони мақола он муҳаққиқоне ҳисобида мешаванд, ки бевосита дар навиштани мақола, таҳияи консепсияи он, ҷамъоварии мавод, таҳлил ва тафсири он иштирок кардаанд. Номи шахсоне, ки дар омодасозии дастнавис саҳм гузоштаанд, вале саҳми онҳо барои эътирофи муаллифӣ кофӣ нест, дар бахши «Изҳори сипос» бо зикри ҳаҷми кори онҳо оварда мешавад.

Принсипҳои ахлоқии тақриздиҳӣ

– Узви дастаи илмии доимие, ки муаллифони кори тақриздодашаванда ба он шомиланд, инчунин шахсе, ки борҳо бо яке аз онҳо ҳаммуаллиф будааст, тақриздиҳанда буда наметавонад.

– Роҳбари илмӣ (мушовири илмӣ)-и яке аз муаллифон – довталабони дараҷаи илмӣ тақриздиҳанда буда наметавонад.

– Тақриздиҳанда бояд мутахассиси он соҳаи илм бошад, ки дастнависи тақриздодашаванда ба он бахшида шудааст.

– Тақриз бояд мақолаи илмиро холисона арзёбӣ намуда, таҳлили ҳамаҷонибаи бартариҳо ва камбудиҳои илмӣ ва методии онро дар бар гирад.

– Тақриздиҳанда набояд маълумотро дар бораи мазмуни кор то нашри он ба манфиати худ истифода барад.

– Мақолаи тақриздодашаванда ҳуҷҷати махфӣ мебошад; онро барои шиносоӣ ё муҳокима ба шахсони сеюм додан мумкин нест.